Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рутбаи эътибори иқтисодии Итолиё поён омад


Муассисаи эътиборсанҷии Moody рӯзи ҷумъа рутбаи эътибори иқтисодии Итолиёро бо назардошти нигарониҳо аз амиқрафти бӯҳрони молӣ дар Аврупо ду рутба поён бурд. Ин гуна арзёбии дарднок барои Итолиё чанд соат пеш аз он он сурат гирифт, ки ҳукумати Итолиё талош дорад, аз ҳисоби фурӯши варақаҳои гаронбаҳои ҳукумат бештар аз 5 миллиард евро ба даст орад. Рутбаи эътибори иқтисодии ҳукуматии Итолиё, ки ҳоло тақрибан ба марҳилаи рутбаи беарзиш наздик шуд. Муассисаи Moody мегӯяд, рушди иқтисоди Итолиё имсол 2 дар сад кам хоҳад шуд, ки иҷрои нишондодҳои молиро барои кишвар сахт хоҳад кард ва хатаротии дигаре, ки ба иқтисоди Итолиё таҳдид мекунад, эҳтимоли тарки евро кардани Юнон ва бадтар шудани вазъи молии бонкҳои Иcпониё аст, ки мӯҳтоҷи кӯмак шудаанд.
XS
SM
MD
LG