Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Сурия аз қатли оми дигар хабар доданд


Мухолифини давлати Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ бо ҳамла ба рустое дар вилояти Ҳамо бештар аз 200 нафарро куштанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия, ки дар Ландан қароргоҳ дорад, мегӯяд, ин қатли ом дар рустои Треймса сурат гирифтааст. Абу Муҳаммад, як раҳбари шӯришиён гуфт, нерӯҳои давлатӣ ба ин русто бо чархболу танку хунпораандоз ҳамла кардаанд. САНА-хабаргузории расмии Сурия, навиштааст, дар ин русто миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи мусаллаҳи “террористӣ” даргирӣ ба вуқӯъ пайваст, вале ҳеҷ чизе дар бораи талафот нагуфтааст. Абдул Басит Сайдо раиси Шӯрои Миллии Сурия, як гурӯҳи мухолифи давлат баъди ин ҳодиса хост, Созмони Милал бо қабули қатънома ба мудохилаи низомӣ алайҳи режими Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия иҷоза бидиҳад. Ба гуфтаи мухолифин, аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия аз моҳи марти соли гузашта то кунун 17 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG