Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи ҷустӯҷуи 5 сарбози фирории тоҷик


Додситони низомии минтақаи Кулоб аз 5 сарбозе, ки дар ин минтақа аз сафи артиш фирор карданд, хост, довталабона баргарданд, дар акси ҳол ҷазои сахте хоҳанд гирифт. Икром Зоиров ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ ҷустӯҷуи ин сарбозонро ки аввали июн фирор кардаанд идома медиҳанд, вале агар худашон баргарданд, ҷазои сахт нахоҳанд гирифт:«Фирор аз хидмати ҳарбӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос ин ҷинояти вазнин буда, қонунгузорӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо маҳрум сохтан ба мӯҳлати аз 5 то 10 солро пешбинӣ мекунад." Зоҳиран тарси хидмат дар Бадахшон сабаби фирори 8 сарбоз дар нимароҳ ба сӯи ин минтақа шудааст. Яке аз ин сарбозон довталабона баргашта ва ду нафари онҳоро аз хонаҳои волидонашон пайдо кардаанд. Куҷо будани панҷ нафари дигар маълум нест.
XS
SM
MD
LG