Пайвандҳои дастрасӣ

Рахнагарони интернетӣ сипари Yahoo-ро шикастанд


Рахнагарони интернетӣ рӯзи панҷшанбе 450 ҳазор имейл ва калидвожаҳои корбарони Yahoo-ро дар Интернет гузоштанд. Ширкати Yahoo, ин харобкорӣ дар шабакаашро таъйид кард ва гуфт, таҳқиқ дорад, ки чӣ гуна гурӯҳи номаълуми рахнагарон бо номи D33DS тавонистаанд, сипари муҳофизатии Yahoo-ро рахна кунанд. Ширкат гуфтааст, танҳо 5 дар сади калидвожа ва ё пасввордҳои имейлҳо дуруст аст, тамом. Yahoo дар пайи рафъи ин заъф дар сипари муҳофизатии шабака шуда ва калидвожаҳои корбарони шабакаро тағйир додааст.
XS
SM
MD
LG