Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои сафири Сурия ва зарбулаҷали Ғарб барои ин кишвар


Кишварҳои ғарбӣ пешнависи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро таҳия кардаанд ва дар он ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия 10 рӯз вақт додаанд, то ба иҷрои нақшаи сулҳи маҳофили байналмиллалӣ оғоз кунад, вагарна ба таҳримҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар гузориш омадааст, аз матни ин қатънома Британияву Фаронса ва Олмону Амрико ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар қатънома ҳушдор дода шудааст, ки агар режими Сурия ба иҷрои нақшаи оташбаси Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб оғоз накунад, ба таҳримҳои ғайринизомӣ дучор хоҳад шуд.

Тибқи як хабари дигар, Навоф ал Фарес-сафири Сурия дар Миср дар Facebook изҳороти видеоӣ нашр ва дар он аз истеъфои худ хабар додааст.

“Ман истеъфои худро чун сафири Сурия дар Ироқ эълон мекунам. Ман ҳамчунин эълон мекунам, ки аз Ҳизби БААС хориҷ мешавам ва аз аъзои дигари ин ҳизб даъват мекунам, ки онҳо низ хориҷ шаванд, зеро ин режим худро ба василаи фишори мардум табдил медиҳад”.

Русия ва Чин, ки дар Шӯрои Амният аз ҳақи вето бархурдоранд, дар гузашта ба ҳар гуна талоши ҷорӣ кардани таҳрим ба зидди Сурия мухолифат нишон додаанд.
XS
SM
MD
LG