Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон шиканҷаи зиндониён ва ришвахорӣ боқӣ мондааст


Amnesty International ё Афви Байналмиллал гузориши солонаи худро ба нашр расонд. Дар ин гузориш омадааст, дар Тоҷикистон шиканҷа, лату кӯб ва муносибати бераҳмона бо боздоштшудагон ҳамоно шеваи маъмулӣ боқӣ мондааст.

Ришвахорӣ ва аз муҷозот дур мондани ришвахорон мушоҳида мешавад. Дар гузориши худ Amnesty International аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки барои аз реша барҳам задани ин падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ тадобири зарурӣ андешад.
XS
SM
MD
LG