Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Шӯрообод 5 сарбози фирорӣ ҷустуҷӯ мешаванд


Дар Кӯлоб ҷустуҷӯи 5 сарбози фирорӣ идома дорад. Онҳо дар роҳ ба маҳали хидмат аз Душанбе ба вилояти Бадахшон фирор кардаанд. Онҳо аз ҷумлаи 8 сарбозе мебошанд, ки ду ҳафтаи пеш аз Душанбе ба вилояти Бадахшон аз роҳи Кӯлоб-Шӯрообод барои адои хидмати аскарӣ интиқол меёфтанд.

Аммо Икром Зоиров-додситони низомии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ин сарбозон дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод ҳангоми убур аз купруки тахрибшуда фирор карданд.

Икром Зоиров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «як нафари онҳо худаш пушаймон шуда зуд баргашт ва ду нафараш ҳангоми кофтукови хонаи волидонашон пайдо гардиданд. Аммо то ҳоло аз панҷ нафари дигар нишоне нест.
XS
SM
MD
LG