Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Боку Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев мулоқот карданд


Тибқи хабари дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз дар шаҳри Боку Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон бо ҳам масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо дар бораи имкони рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва кам кардани тарифҳои роҳи оҳани Озарбойҷон барои афзоиши мизони ҳамлу нақли коло аз роҳҳои оҳани Озарбойҷон изҳори ақида намуданд.

Дар поёни мулоқоти ҳар ду раҳбар ҳайатҳо 10 санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон, шартнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Донишгохи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Боку, барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2013-2015 аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.

Сипас сарони ду давлат ҳамдигарро бо мукофотҳои олии давлатии худ сарфароз намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон, яъне бо Ордени Ҳайдар Алиев сарфароз гардонда шуд.

Дар посух ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 тақдим гардид.
XS
SM
MD
LG