Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дар ҳамлае 9 нафар кушта шуданд


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки 9 нафар тамрингирандагони пулиси ин кишвар ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба хобгоҳи онҳо кушта шудаанд. Ин ҳамла ҳангоми хоби онҳо рух додааст.

Аҳсанулло Аҳсан-сухангӯи Толибони Покистон гуфт, шӯришиён аз кормандони пулис қасос гирифтаанд, зеро дар зиндони ин минтақа онҳо шӯришёни зиндониро шиканҷа медодаанд.

Қарор буд тамрингирандагон баъд аз хатми давраҳои омӯзишӣ посбони зиндон шаванд.

XS
SM
MD
LG