Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарбулаҷали кишварҳои ғарбӣ ба режими Сурия


Кишварҳои ғарбӣ пешнависи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро таҳия кардаанд ва дар он ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия 10 рӯз вақт додаанд, то ба иҷрои нақшаи сулҳи маҳофили байналмиллалӣ оғоз кунад, вагарна ба таҳримҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар гузориш омадааст, аз матни ин қатънома Британияву Фаронса ва Олмону Амрико ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар қатънома ҳушдор дода шудааст, ки агар режими Сурия ба иҷрои нақшаи оташбаси Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб оғоз накунад, ба таҳримҳои ғайринизомӣ дучор хоҳад шуд.

Русия ва Чин, ки дар Шӯрои Амният аз ҳақи вето бархурдоранд, дар гузашта ба ҳар гуна талоши ҷорӣ кардани таҳрим ба зидди Сурия мухолифат нишон доданд.

Тибқи як хабари дигар, Навоф ал Фарес-сафири Сурия дар Миср дар Facebook изҳороти видеоӣ нашр ва дар он аз истеъфои худ хабар додааст. Вай гуфтааст, ки ба сафи мухолифони реджими Сурия пайвастааст.
XS
SM
MD
LG