Пайвандҳои дастрасӣ

Танӯрҳои офтобӣ дар Мурғоб ё имкони пухтани хӯрок бе дуди ғализ


Ба хотири сарфаи нерӯи барқу сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист як гурӯҳ олимони тоҷик тафдоне ё танӯре ихтироъ кардаанд, ки дар он метавон бо истифода аз нерӯйи офтоб хӯрок таҳия кард.

Нахустин намунаи чунин танӯрҳо ахиран дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон мавриди истифода қарор гирифтааст.

Танӯри офтобӣ, ки аз сӯи мутахассисони маркази омӯзиш ва истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энержии академияи илмҳои Тоҷикистон ихтироъ шудаанд аз як қуттии чаҳоркунҷае иборат аст, ки аз шиша сохта шудааст. Тавассути нурҳои офтоб дохили он то ба 100-130 дараҷа гарм мешавад ва дар муддати ҳудудан 2 соат метавон дар он хӯроки дилхоҳро омода кард. Ба ҷуз аз хӯрокҳои хамирӣ, ки барои онҳо ҳарорати баландтар лозим будааст. Қурбонҷон Кабудов раҳбари маркази омӯзишӣ ва истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ мегӯяд, аслан дар ҷаҳон садҳо намуди танӯрҳои офтобӣ ихтироъ шудаанд, аммо онҳо як шакли оддӣ ва нисбатан камхарҷу мувофиқ ба шароити Тоҷикистонро пешниҳод кардаанд.

«Танӯрҳои мо бо он фарқ мекунад, ки онро бо маводи дар зери даст буда низ метавон сохт. Ин метавонад аз чуб, фонера, пластика сохта шавад. Талаботи аслиаш ин аст, ки бояд гармӣ дар дохил ҷамъ шаваду хориҷ нашавад. Албатта ин кори кадбонуро чанд маротиб осон мекунад ва ба нафъи мардум аст. Масалан зимни таҳиясозии хӯрок дар чунин танӯрҳо кадбонуҳо аз дуди ғализу дигар нороҳатиҳо озоданд», мегӯяд Қурбонҷон Кабудов

Нахустин истифодабарандагони ин тафдон чанд хонаводае дар ноҳияи Мурғоби Бадахшонанд. Бо фармоиши яке аз шабакаҳои бунёди Оғохон ахиран маркази омӯзиш ва истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ, 5 танӯри офтобӣ таҳия ва ба ин ноҳия ирсол кард.

Моҳрухсор як сокини Мурғоб ҳам, ки чандест бо нури офтоб дар чунин тафдонҳо барои хонаводааш хӯрок омода мекунад мегӯяд, як мушкили аслии сокинони ин минтақа дастрасӣ ба сӯзишворӣ аст. Нархи маводи сӯхт ва дигар воситаҳои гармидиҳӣ дар ин минтақаи дурдасти кӯҳӣ гарон аст ва онҳо ба чунин дастгоҳҳое, ки аз манбаъҳои алтернативӣ нерӯ мегиранд ниёз доранд.

«Нархи истифодаи як маротибаи маводи гармидиҳӣ то 20 25 сомонӣ аст. Бинобар ин агар чунин тафдонҳо бештар ба истифода дода шаванд хеле хуб мешавад. Ин танӯрҳо вулкан ном доранд ва чанд нафар ба мо истифодабарии онро нишон доданд. Деге, ки дар он хӯрок пухта мешавад бояд сиёҳ бошад ва аз нӯри офтоб он зуд гарм мешавад. Дар муддати ду - дувуним соат хӯрок дар чунин тафдонҳо тайёр мешавад.»

Қурбонҷон Кабудов яке аз ихтироъгарони ин танӯри офтобӣ мегӯяд,
дар Тоҷикистон таҷрибаи истифодабарии чунин дастгоҳҳое, ки аз манбаҳои алтернативӣ мисли офтобу бод нерӯ мегиранд кам аст.
Ва ба қавли ӯ дар шароите, ки аксар сокинони кишвар мушкили барқу сӯзишворӣ доранд, роҳандозии истеҳсоли чунин дастгоҳҳо ба манфиати кор аст. Аммо бо вуҷуди он, ки ин ихтироот аллакай муаррифӣ шудааст, вале ба гуфтаи муаллифонаш аз сӯйи масъулин ва корхонаҳои истеҳсоли то ҳол ба ин дастгоҳ таваҷҷӯҳ зоҳир нашудааст.

«Мардум таваҷҷӯҳ мекунанд, вале мо муассисаи илмӣ пажӯҳишӣ ҳастем ва тавони ба теъдоди зиёд истеҳсоли чунин тафдонҳоро надорем. Барои ин бояд корхонаҳо ҷалб шаванд ва истеҳсолоти онро ба роҳ монанд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳоло аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳарчӣ бештар ба истифода аз дигар захираҳои энержии алтернативӣ рӯ меоранд ва аз нерӯи офтобу бод фаровон истифода мекунанд. Ҳакими Даврон як таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон кишвари офтобӣ ва сербод аст ва имкони хуби истифода аз манбаҳои алтернативӣ ва нерӯи офтобу бодро дорад, вале аз ин имконоти бой дар кишвар масъулин хеле кам истифода мекунанд.

«Дар баробари ҳамин тафдон ё танӯри офтобӣ дар кишвари мо ихтироъ карданд, обгармкунакҳои офтобӣ, ки дар сурати роҳандозии истеҳсолоти даврӣ, он ҳамагӣ 200 доллар арзиш хоҳанд дошт. Ҳоло чунин дастгоҳ, ки дастӣ истеҳсол мешаванд, дар бозор то 600 доллар нарх дорад. Таваҷҷӯҳи давлат лозим аст, ки истеҳсолот роҳандозӣ шавад, дар он сурат нарх паст меравад ва имконияти мардум барои харидории чунин таҷҳизот зиёд мешавад ва дар натиҷа нерӯйи барқ сарфа мешавад ба иқтисоди кишвар ҳам ин манфиат дорад. Яъне дар ҳар сурат самаранокии манбаи офтоб ва бод хеле бузург хоҳад буд. Ҳоло инфросохтори зарурӣ нест дар кишвар», афзуд Ҳакими Даврон.

Аммо муаллифони танӯри офтобӣ ба ин боваранд, ки дар сурати роҳандозии истеҳсолоти даврӣ, нархи фурӯши чунин дастгоҳҳо, аз 100 доллари амрикоӣ ҳам камтар хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG