Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони ду деҳи ҳамсоя барои дидорбинӣ ба ҷои 30 зиёда аз 400 километрро тай мекунанд ва роҳи сайёҳон низ бастааст.

Ду автобуси пур аз сайёҳони хориҷӣ ҳафтаи гузашта аз Самарқанд ба марзи Тоҷикистон расиданд, аммо пас аз соатҳо баҳсу кашокаш бозпас ба Самарқанд баргаштанд. Ин ҷаҳонгардон мехостанд, ёдгориҳои Саразмро, ки ахиран ЮНЕСКО ба феҳрасти Мероси фарҳангии ҷаҳон шомил кард, бо чашмони худ бубинанд. Ҳарчанд ширкати сайёҳии Узбакистон ин ваъдаро ба онҳо дода буд, марзбонони Узбакистон ба убури автобусҳо иҷоза надоданд ва гуфтанд, гузаргоҳи марзӣ се сол инҷониб комилан бастааст.

Зафар Норов, мудири иҷроияи Шӯрои Зарафшон оид ба туризм дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: «Онҳо аз масдуд будани гузаргоҳ хабар надоштанд ва вақте ки ба марзи Ҷартеппа расиданд, диданд вазъи дигаргуна аст ва боз чӣ қадар роҳҳро тай намуда аз тариқи Хуҷанд ва дигар минтақаҳо ба Панҷакент омаданд. Лекин то замони баста шудани гузаргоҳи Ҷартеппа агар тобистон то 20 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Панҷакент ворид мешуд аз инҳо 15 ҳазор нафари онҳо туристҳои якрӯза буданд, ки субҳ аз Самарқанд меомаданд ва шом бармегаштанд».

Ба таври якҷониба баста шудани марзи Узбакистону Тоҷикистон сабаби бӯҳрони иқтисодӣ дар водии Зарафшон шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта ҳазорон тонна мева аз ин минтақа ба воситаи Самарқанд ва роҳи оҳани Узбакистон ба кишварҳои дигар интиқол меёфт ва барои ҳамаи тарафҳо фоидаи молӣ меовард. Омадани ҷаҳонгардони хориҷӣ ва кӯҳнавардон ба воситаи Самарқанд ба Панҷакент низ ба иқтисоди водӣ кӯмак мерасонд.

Ба қавли муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Фирӯз Ёров аз Самарқанд тарбузу харбуза ва дигар меваҷоту сабзавот ба бозорҳои Панҷакент ворид мешуд, ки ин ба арзонӣ мусоадат мекард: «Бозорҳои мо чандон калон нестанд ва нарх поин мефаромад.Мардуми Панҷакент одат доштанд, ки хариди туёнаашонро аз бозорҳои Ургут ё шаҳри Самарқанд кунанд.»

Ин ҳафта Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризми назди ҳукумати Тоҷикистон аз тариқи Вазорати умури хориҷии кишвар ба мақомоти дахлдори ҳукумати Узбакистон нома фиристода, аз онҳо хостааст, ки аққалан меҳмонон ва сайёҳони хориҷиро аз тариқи гузаргоҳи Ҷартеппаи Самарқанд иҷоза диҳад то ин ки аз осори таърихии Панҷакенти бостонӣ дидан кунанд. Лочин Файзуллоев муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризм дар нишасти хабарии 10 июл ба гуфт, ки баста шудани гузаргоҳ омадурафти сайёҳони хориҷӣ ба водии Зарафшонро ба таври назаррас коҳиш дод. Вай ин амали ҷониби Узбакистонро як зарбаи шадид ба туризми Тоҷикистон номид.

Ба қавли Файзуллоев то кунун аз ҷониби мақомоти зидахли Узбакистон посухе дар мавриди иҷозаи сафари саёҳони хориҷӣ ба шаҳри Панҷакент посухе дарёфт накардаанд. Дар сӯҳбати телефонӣ як намояндаи консулгарии Вазорати умури хориҷии Узбакистон дар хусуси номаи мазкур изҳори бехабарӣ кард ва ҳозир нашуд масъаларо шарҳ диҳад. Ҳоло мақомоти Тоҷикистон изҳори умедворӣ мекунанд, ки масъалаи мазкур дар ояндаи надик ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Як сокини узбактабори ноҳияи Панҷакент Абдуҳошим Абдураҳмонов мегӯяд. ки хоҳараш дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд зиндагӣ мекунад ва пас аз баст шудани марз онҳо маҷбуранд аз тариқи Хуҷанди Тоҷикистон ва Сариосиёи Узбакистон ба ҷои 30 километр роҳи 400-километраро тай карда, ба дидори ҳамдигар расанд.

Носир Бердиев, як сокини ноҳияи Ургути Узбакистон низ дар сӯҳбат бо мо аз баста будани сарҳад изҳори нороҳатӣ кард. Вай гуфт: «Барои аҳолӣ хуб мешуд, ки сарҳад боз бошад. Бисёриҳо дар ин ҷо ва мо ҳам дар он ҷо хешутабор дорем онҳо чанд сол аст, ки наметавонем онҳоро бинем.»

Ҳайатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон ахиран тавонистанд, масъалаи омадурафти шаҳрвандони ду кишварро дар чанд минтақа ҳал кунанд ва Тошканд ҳатто аз Душанбе интиқод намуд, ки дар боз кардани гузаргоҳҳои марзӣ ба кашолкорӣ роҳ дод. Вале дар Саразм дарвозаҳои Тоҷикистон бозанд, аммо тарафи Узбакистон онҳоро ба таври якҷониба баста нигоҳ медорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG