Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Сурия дар Ироқ аз ҳукумат бурид


Навоф ал-Форис, сафири Сурия дар Ироқ, таъйид кард, ки аз ҳукумати Башшор Асад бурида ва ба мухолифони режими ӯ пайвастааст. Навоф Форис аввалин мақоми баландпояест, ки ҳукумати гирифтори Башшор Асадро раҳо мекунад. Ӯ дар як баёнияи видеоӣ дар Фейсбук, мегӯяд, “Ман эълом мекунам, ки аз ҳамин лаҳза ба инқилоби мардуми Сурия мепавайвандам.” Навоф ал-Форис куҷо буданашро ошкор накардааст. Дар бораи аз ҳукумати Башшор Асад буридани ин дипломати баландпоя, нахуст мухолифони давлати Сурия хабар доданд. Муҳаммад Серминӣ аз Шӯрои Миллии Сурия, як гурӯҳи асосии мухолифи давлат гуфт, кори Навоф ал-Форис оғози силсилаи даст кашидани дипломатҳо аз ҳукумат аст. Ҳафтаи гузашта Маноф Талосс, як генерали Горди раёсати ҷумҳурии Сурия аз ин кишвар фирор кард.
XS
SM
MD
LG