Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: "Шиканҷа дар Тоҷикистон кори маъмулӣ шудааст"


Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон шиканҷаву латукӯб ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон як амри маъмулӣ шудааст. Дар як гузориши тозае бо номи “Шиканҷа ва дигар бадрафториҳо дар Тоҷикистон” ин созмон, мегӯяд, маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳе, аз ҷумла боздоштшудагонро ба нерӯи барқ мемонанд, оби доғ мепошанд, нафасгиру латукӯб ва ё ҳатто таҷовуз мекунанд. Рейчел Баглер, мутахассиси Авфи Байналмилал дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Шиканҷаву бадрафторӣ дар тамоми боздоштгоҳҳои Тоҷикистон пайваста ҳаст, бахусус дар марҳилаи аввали боздошти муттаҳам. Мо қазияҳои бисёреро шунидаем, ки маъмурони пулис ба хотири ифшои ҷиноят ва ҳосил кардани эътирофи гуноҳе одамонро шиканҷа ва ё бо онҳо бадрафторӣ кардаанд. Баъзан онҳо ба хотири раҳо кардан бояд ришва бидиҳанд.” Дар гузориши Созмони Афви Байналмилал омадааст, баъзе аз муттаҳамон аз зарбу лату шиканҷа ҳалок шудаанд ва мақомоти расмӣ ба қадри кофӣ ба масъалаи шиканҷа расидагӣ намекунанд. Ба гуфтаи Рейчел Баглер, таъйини ҷазо барои шиканҷа дар Тоҷикистон як амри мусбат дар роҳи ҷилавгирӣ аз шиканҷа аст, аммо бояд натиҷаҳои онро дид.
XS
SM
MD
LG