Пайвандҳои дастрасӣ

Капитани киштии ғарқшудаи итолёвии Costa Concordia аз осебдидагон ва пайвандони қурбониёни ҳодиса узр хост. 13 январи соли равон дар наздикиҳои ҷазираи Ҷилио киштӣ ба сангҳои зериобӣ бархӯрда чаппа шуд, ки дар натиҷа 32 нафар ба ҳалокат расиданд.

Капитани киштӣ Франческо Скеттино дар мусоҳибаи телевизионӣ масъулияти худро барои ғарқшавии киштӣ бар дӯш гирифт. Скеттино дар куштор бар асари беэҳтиётӣ, ғарқшавии киштӣ ва тарк намудани киштӣ қабл аз наҷоти беш аз чаҳор ҳазор мусофиру кормандони киштӣ айбдор мешавад.

Ҳафтаи гузашта Скеттино аз ҳабси хонагӣ раҳо шуд ва аммо то анҷоми тафтишот ӯ ҳаққи аз шаҳри Неапол берун рафтанро надорад.
XS
SM
MD
LG