Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатнаи писарбачагон, таваллуд дар шароити хона ва сӯрох кардани гӯши духтарҳо хатари олудашавӣ ба HIV-ро бештар мекунад.

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо таъкид ба ин нуқта гуфтанд, то кунун дар кишвар 123 тифли дорои вируси заъфи масунияти бадан СПИД ба қайд гирифта шудаанд. Чӣ гуна ба ин вирус гирифтор шудани 78 кӯдак муайян шудааст, аммо маълум нест, HIV (Эйч Ай Ви) ба бадани 45 нафари дигар чӣ гуна ворид шудааст.

Муродалӣ Рӯзиев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз СПИД ва мубориза бо он мегӯяд, натиҷаи тафтишҳои кумиссиюни вижа рӯшан кардааст, ки шубҳаҳои аз хуни донорҳо сироят ёфтани ин кӯдакон тасдиқ нашудааст, зеро афроди хунсупурда ҳамагӣ солим будаанд.

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ин кӯдакон аслан дар ягон муассисаи тиббӣ бистарӣ набуданд ва эҳтимоли аз воситаҳои тиббӣ олуда шудани онҳо ба ВИЧ кам аст. Биноан, тахмин меравад, ки ин кӯдакон дар берун аз муассисаҳои тиббӣ, эҳтимолан ҳангоми зода шудан ё хатна дар шароити хона сироят дидаанд.


нишасти матбуотии вазорати беҳдошт дар Душанбе

нишасти матбуотии вазорати беҳдошт дар Душанбе

Муродали Рӯзиев ҳамчунин афзуд: «Баъзе кӯдаконро дар хона табобат мекунанд. Мо таҳлилҳо доштем, ҳатто ҳодисаҳое ҳастанд, ки табибони халқӣ бурда баъзе кӯдаконро «надрез» мекунанд. Ин ҳам албатта хавф дорад. Ба ягон муассисаи табобатӣ муроҷиат намекунанд, вале вақте ҳолати кӯдак бад шуд, баъд омада ӯро ба дасти пизишкон месупоранд. Кӯдакон баъзан дар марҳилаи охирин ба дасти мо мерасанд ва дар ин ҳолат аз дасти мо дигар кам чизе меояд».

Бинобар омори расмӣ, ҳоло маълум шудааст, ки 54 зани ҳомила дар ҷисми худ вирус доранд, аммо ин имконият ҳаст, ки фарзанди онҳо солим ба дунё ояд. То ҳол 69 кӯдаки солим аз модарони бемор таваллуд шудаанд. Мутахассисон мегӯянд, агар зани ҳомила сари вақт ба табобат фаро гирифта шавад, дар беш аз навад дарсади ҳолатҳо метавонад кӯдаки солим ба дунё оварад. Аммо ҷаноби Рӯзиев як мавридро ёдрас шуд, ки тифл дар натиҷаи беэҳтиётии падар гирифтори вируси ВИЧ шудааст.

«Масалан, ҳамин кӯдак дар ягон муассисаи табобатӣ муолиҷа нагирифтааст ва бистарӣ ҳам нашудааст ва вақти тафтиш муайян кардем, ки падари ӯ бемор будааст ва ӯ худ дар сӯҳбат иқрор шуд, ки чанд маротиба хунаш паридааст ва шояд ҳамин манбаи сирояти фарзандаш ҳам шуда бошад».

Севара Комилова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Гули сурх", ки ба афроди мубтало ба вируси норасоии масъунияти бадан кӯмак мекунад, мегӯяд, албатта имкони сироятёбӣ дар шароити хона дар сурати гузаронидани амалиёти тиббӣ, аз ҷумла таваллуди хонагӣ вуҷуд дорад, аммо ӯ дар таҷрибаи кориаш, ки бо атфолу волидони сироятёфта кор мебарад, боре бо чунин ҳодиса рӯ ба рӯ нашудааст.

Бояд гуфт, дар ҳоле, ки мутахассисони соҳаи тиб аз афзоиши хатари гузаштани вируси норасоии масунияти бадан дар шароити хона ва берун аз муассисаҳои тиббӣ сӯҳбат мекунанд, аксар волидони атфоли сироятёфта дар ин маврид баръакс пизишконро гумонбар медонанд ва аз беэҳтиётии бархеи онҳо шикоят мекунанд. Чунин шикоятҳоро вақтҳои ахир дар нашрияҳо ҳам зиёд дидан мумкин аст ва то як андоза боиси тарсу ҳарос ва гурези бархе аз волидон аз муассисаҳои тиббӣ ҳам мешавад.

Як модари ҷавон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард мегӯяд, фарзанди хурдсоли ӯ аз бемории рӯда азият мекашад ва ба наздикӣ бояд ҷарроҳӣ шавад, аммо ҳоло ягона бими модар ин аст, ки то куҷо ин ҷарроҳӣ бидуни паёмадҳои номатлуб анҷом мегирад: «Албатта одам аз ин ҷарроҳиҳо метарсад, зеро мо намедонем то куҷо он асбобҳои истифодамебурдаи онҳо тозаву безараранд. Ростӣ, хеле нигаронам, чандон бовар надорам ба вазъи беҳдории бемористонҳо. Меравем, мебинем, ки тоза нестанд ин муассисаҳо. Як кӯдакеро медонам, ки дар натиҷаи ҷарроҳӣ ба як бемории дигар гирифтор шуд».

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД, шумори гирифторони ин вирус сол аз сол дар ҳоли афзоиш аст. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 4 ҳазору 884 нафар сироятёфтагони вируси HIV сабт шудааст, ки бештар аз 600 нафари онҳо фавтидаанд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, афзоиши гирифторони ин беморӣ ба беҳтар шудани ташхис вобаста аст. Дар як соли ахир дар кишвар беш аз 400 ҳазор нафар аз ташхис гузаштаанд ва дар хуни 989 нафар аз онҳо вируси норасоии масъунияти бадан ошкор шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG