Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи маргталабона дар Санъо 22 нафар ҷон бохтанд


Бар асари таркиш дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, дасти кам 22 нафар ба ҳалокат расиданд. Даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.Як маргтаталаб ба бинои Академияи полис ворид шуда, худро дар ҳоле мунфаҷир кард, ки муҳассилин аз дарс берун мешуданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтаааст ва аммо кормандонип олис ангушти иттиҳом сӯи шабакаи “Ал-Қоида” кардаанд.

Дар шаҳри ҷанубии Аден бошад, намоиши эътирозӣ алайҳи вуруд кормандони полис ба минтақаи таҳти назорати мусаллаҳони ҷудоихоҳ боиси ҳалокати як нафар ва маҷрӯҳ шудани чаҳор тани дигар гардид. Кормандони полис сӯи эътирозгарон оташ кушоданд.
XS
SM
MD
LG