Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо дар Қоҳира алайҳи қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ


Ҳазорон сокинони Қоҳира дар майдони Таҳрир ҷамъ омада, алайҳи қарори Додгоҳи қонуни асосии Миср, ки тасмими раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ барои эҳёи фаъолияти парлумонро мутаваққиф намуд,эътироз карданд. Рӯзи якшанбе раисиҷумҳури тозаинтихоб дар бораи барқарор кардани ваколатҳои парлумон, ки дар он бештари ҷойҳоро аҳзоби исломӣ соҳиб шуда буданд, амр содир кард.

Яке аз мухолифини муттавақифсозии тасмими раисиҷумҳур аз сӯи Додгоҳи Қонуни асосӣ мегӯяд, ки "аз нигоҳи ман ин қарори нодуруст аст, зеро додгоҳи мо бояд мардуми Мисрро эҳтиром кунад, зеро маҳз мардум ба додгоҳ ваколат додааст. Аз ин рӯ, бояд қарорҳо бо назардошти манфиатҳои мардум қабул шаванд".

Ёдовар мешавам, ки қабл аз интихоби раисиҷумҳури нав Шӯрои олии низомии Миср натоиҷи интихоботро ғайриқонунӣ хонда парлумони навро пароканда кард ва ваколатҳои қонунбарориро бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG