Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни Сребренитса


Дар шаҳри Сребренитса ҳазорҳо нафар дар маросими ёдбуди қатли 8 ҳазор мусалмонҳои Боснӣ аз сӯи сербҳо дар 17 соли пеш ширкат карданд. Аҷсоди 520 қурбонии ин ҳодисаро, ки аз қабристони дастаҷамъӣ берун ва баъди ташхиси ДНК ному насабашон муқаррар карда буданд, ба хок супурданд.

Маросими бахоксупорӣ дар қабристоне баргузор шуд, ки он ҷо беш аз панҷ ҳазор қурбониёни фоҷиаи Сребренитса макони охират пайдо кардаанд.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама изҳор намуд, ки “Сребренитса ҳамеша дар зеҳни мо яке аз сангинтарин ҳодисаи қарни 20-ро бедор мекунад”. Дар изҳороти Обама омадааст, ки ИМА ҳама талошҳои камтар нишон додани сатҳи ин ваҳшоният, сафед кардани муҷримони куштор ва сарпечӣ аз эътирофи он чун наслкӯширо рад мекунад.
XS
SM
MD
LG