Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, бо як сафари кӯтоҳ вориди Лаос шуд. Ин нахустин ташрифи раиси идораи сиёсати берунаи Амрико ба ин кишвар дар 57 соли ахир аст.

Қарор аст дар гуфтугӯи хонум Клинтон бо мақомоти Лаос, масоили марбут ба ширкати ИМА дар ҷанги Виетнам, ки соли 1975 анҷом ёфт, ва тарҳи бунёди сарбанди азим дар рудхонаи Меконг баррасӣ шавад. Ҳукуматҳои чанд кишвар ва ҳомиёни муҳити зист мегӯянд, ки бунёди ин сарбанд барои ҳаёти миллионҳо нафар таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Лаос дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Осиё сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG