Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз "хушунатҳои ахир" дар Саудӣ нигарон аст


Ҳукумати Эрон аз «хушунатҳои ахир» дар манотиқи шарқии Арабистони Саудӣ ибрози нигаронӣ кардааст.

Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе аз хушунатҳои ахир дар Арабистони Саудӣ ибрози нигаронӣ кард ва аз давлати ин кишвар хостааст, аз истифодаи зӯр дар муқобили «хостаҳои мардум» худдорӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон, Ромини Меҳмонпараст гуфтааст: «Эрон аз иқдомоти хушунатомези ахири нерӯҳои давлатӣ алайҳи шахсиятҳои динӣ ва мардуми минтақаи Шарқияи Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захмӣ шудани шуморе аз мардуми он минтақа шудааст, шадидан ибрози нигаронӣ мекунад.»

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳамчунон изҳори умедворӣ кард, давлати Арабистони Саудӣ «хостаҳои мардум»-ро мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии худ қарор дода ва аз истифодаи «хушунат дар муқобили хостаҳои мардум», дурӣ биҷӯяд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар охирин даргириҳо миёни нерӯҳои амниятии Арабистони Саудӣ ва эътирозгарон дар якшанбешаби гузашта, ду тан аз шаҳрвандони Арабистон дар шарқи ин кишвар кушта шудаанд. Ҳамчунин нерӯҳои амниятӣ афроди зиёде, аз ҷумла як рӯҳонии машҳури шиамазҳабони ин кишварро боздошт кардаанд.

Равобити Эрон ва Арабистони Саудӣ дар ду соли гузашта ва бо оғози ҳаракатҳои мавсум ба «баҳори арабӣ» дучори чолиши ҷиддӣ шудааст. Арабистони Саудӣ дар ҷараёни таҳрими нафти Эрон эъломи омодагӣ кард, ки камбуди нафтро ба ӯҳда бигирад, ки ин амр ҳам вокуниши Эронро дар пай дошт.

Арабистони Саудӣ ҳамчунин аз тарҳи террори сафири худ дар Вашингтон аз сӯи Эрон, алайҳи ин кишвар ба Шӯрои Амнияти СММ шикоят бурд.
XS
SM
MD
LG