Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи «Қалъаи Ҳисорак» дар Кӯҳистони Мастчоҳ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маъмурияти муштараки бостоншиносони тоҷик ва рус, сабаби кашфи қалъаи Ҳисорак, дар наздикии деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ковишҳои бостоншиносӣ дар ин минтақа соли дуввум аст, ки идома доранд.

Гурӯҳи бостоншиноси рус шомили ҳафт нафар донишҷӯ ва корманди Осорхонаи «Эрмита» -и шаҳри Санкт- Петербург ҳамроҳ бо се тан аз бостоншиносони тоҷик аз Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Улуми Тоҷикистон ба ҳафриёти тозае дар ин минтақа шурӯъ кардаанд. Ин маъмурияти муштарак дар ҳолест, ки ахиран як гурӯҳи бостоншиносони тоҷик барои «наҷот» -и ёдгории таърихии «Миси Айнак», дар канори шаҳри Кобули Афғонистон эъзом шудаанд.

Музаффар Азизов, сардори Раёсати ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо "Озодӣ" ибтидо дар бораи арзиши таърихии ёдгории «Қалъаи Ҳисорак» дар наздикии деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ гуфт:

Ин ёдгорӣ арзиши бениҳоят муҳими таърихӣ дорад. Зеро дар ин ҷо дар канори дигар бозёфтҳои нодири таърихӣ, ҳамчунин бозёфтҳо бо хати суғдӣ кашф шудаанд. Албатта бо хатти суғдие, ки метавон гуфт, ки дуввумин ёдгорӣ ба монандаи «Кӯҳи Муғ» ё «Мӯғтеппа» ва ё «Қалъаи Муғ» дар ноҳияи Айнӣ аст. Ин ёдгорӣ давраи асримиёнагии барвақтаро, яъне қарни 7 то милодро дар бар мегирад.

Радиои Озодӣ: Ҳамакнун бостоншиносони тоҷику рус чӣ корҳоеро ба сомон расонидаанд ва то куҷо муваффақ шудаанд?

Музаффар Азизов
Музаффар Азизов
Музаффар Азизов: Ин маъмурияти муштарак албатта таҳти роҳбарии бостоншиносони тоҷик сурат мегирад. Раҳбарии ин маъмуриятро номзади илмҳои таърих, бостоншинос Шарофиддин Қурбонов бар дӯш дорад, ки аз донишҷӯёну кормандони Осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербурги Русия ва бостоншиносони тоҷик иборат мебошанд.Тамоми ҳафриёт ва маводи бозёфтие, ки бостоншиносони русу тоҷик анҷом медиҳанд, зери назорати мост, ҳамаи он аксбардорӣ шудааст ва худи бозёфтҳо дар осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Алъон таҳқиқотҳое, ки дар инҷо анҷом мешавад, як қисми ками ин қалъаро кашф карданд, вале бо ин ҳам бозёфтҳо аллакай собит мекунанд, ки дар ҳақиқат ин хеле ҳам ёдгории нодир будааст ва ман боварии комил дорам, ки дар ҳафриётҳои минбаъда бисёр паҳлӯҳои то ҳанӯз торики таърихи мардуми тоҷик то замони паҳншавии дини мубини ислом рӯшан хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Чун дар мавриди бозёфтҳо гуфед, аслан чӣ бозёфтҳо ва нигораҳо аз ин минтақа пайдо шудааст?

Музаффар Азизов: Асосан ин катибаҳо ҳастанд, яъне навиштаҷот ба забони суғдии қадима. Ин гуна навиштаҷотҳои зиёд дар чӯб ва чарм пайдо шудааст. Ҳамчунин маснуоти сафолӣ, сиккаҳо, ашёи оҳанӣ ва чизҳои чӯбие, ёфт, шуд, ки тамоман напӯсидаанд ва харобӣ надоранд.Тамоман нав, гӯё, ки ҳамин дирӯз сохта шуда бошанд. Ва дигар бозёфтҳои дигари хеле нодир.

Радиои Озодӣ: Пас бостоншиносон то кунун чанд дарсади ин ёдгориро ҳафриёт кардаанд?

Музаффар Азизов: Хеле кам. Як ё ду дар сади ёдгориро ҳафриёт кардаанд ва солиёни зиёде лозим аст, то ин ёдгорӣ-қалъаи Ҳисорак кашф шавад.

Радиои Озодӣ: Чун сӯҳбат аз қалъа меравад, оё ин ҷо макони шоҳон будааст, бале?

Музаффар Азизов: Кӣ медонад?! Аз рӯи он катибаҳо ва навиштаҷотҳое, ки ёфт шудааст, албатта сухан дар бораи подшоҳи бузург не, балки дар мавриди ҳукмронии ҳокими як водӣ меравад. Албатта як шаҳри калон нест, аммо қалъа ҷоест, ки ҳокимон бо аҳли хонаводааш зиндагӣ мекарданд. Тасвирҳо дар мо ҳаст ва майдони он дар ҳудуди 2 ва ё се гектарро ташкил медиҳад. Дар як ҷои касногузар ҷойгир аст ва бисёр як пайроҳаи борик ба он ҷо мебарад. Ба ин хотир солҳои зиёд мешавад ҳафриёт гузаронд, то куллияи қалъа кашф шавад.

Радиои Озодӣ: Ба ин тартиб маъмурияти муштараки бостоншиносони тоҷику рус то чӣ замоне идома пайдо хоҳад кард?

Музаффар Азизов: Ин маъмурият доимӣ ва дар чорчӯби шартномаи миёни Академияи улуми Тоҷикистон ва осорхонаи «Эрмитаж» -и шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳар сол сурат мегирад. Чун бостоншиносони рус иҷозатнома доранд ва ҳар сол бо анҷоми маъмурияте, ҳафриёт ва ковишҳои бостоншиносӣ дар ин минтақа ва шаҳри Панҷакентро мегузаронанд. Маъмурият то замоне сурат мегирад, ки қалъа пурра кашф ва омӯзиши ин ёдгории таърихӣ ҳамаҷониба анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG