Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Русия ба СММ дар мавриди Сурия


Давлати Русия пешнависи қатъномаеро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардааст, ки бидуни ҳеҷ таҳрим то се моҳи дигар идома додани маъмурияти ин созмон дар Сурияро пешбинӣ кардааст. Игор Панкин, муовини сафири Русия дар Созмони Милал, гуфт, тарҳи қатъномаро пеш аз гузориши Кофӣ Анон фиристодаи вижаи созмон ва Иттиҳодияи Араб барои Сурия дар ихтиёри 14 узви Шӯрои Амният гузоштаанд. Қарор аст, Кофӣ Анон имрӯз дар бораи талошҳо барои иҷрои барномаи сулҳи Созмон Милал дар Сурия ба Шӯрои Амният гузориш бидиҳад. Ба гуфтаи Панкин ҳадафи қатънома идомаи мусоидат барои иҷрои барномаи мазкур аст. Маъмурияти Созмони Милал дар Сурия то 20 июл ба поён мерасад ва то он замон Шӯрои Амният бояд қароре дар ин замина қабул кунад. Русия як шарики аслии Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст, ки кишварҳои ғарбӣ хоҳони эъмоли таҳримоти сахт алайҳи ӯ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG