Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони раиси ҷумҳури Миср беэътибор шуд


Додгоҳи Қонуни Асосии Миср, рӯзи сешанбе фармони раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ барои аз саргирии кори порлумонро беэътибор эълом кард. Дар ҳамин рӯз ба рағми ин қарор вакилони порлумони Миср дар Қоҳира ҷамъ омада ва хостанд, то дурустии ҳукми пешинаи додгоҳ дар бораи ғайриқонунӣ донистани интихоби сеяки вакилони порлумон аз назари ҳуқуқӣ таҳқиқ шавад. Моҳе пеш Додгоҳи Олии Миср, порлумони таҳти назорати исломгароёнро пароканда кард, зеро ба гуфтаи додгоҳ сеяки вакилон ғайриқонунӣ интихоб шудаанд. Баъди ин Шӯрои Олии Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср, салоҳиятҳои ин ниҳоди қонунгузорро худаш гирифт. Муҳаммад Мурсӣ гуфтааст, ки то замони интихоботи нав, ки бояд баъди қабули Қонуни Асосӣ баргузор шавад, порлумон ба кораш идома бидиҳад.
XS
SM
MD
LG