Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ташхиси бомбе, ки 6 амрикоиро кушт


Паймони НАТО дар Афғонистон навъи бомберо ташхис мекунад, ки ҳафтаи гузашта як мошини зиреҳпӯш мунфаҷир карда ва шаш сарбози амрикоиро кушт. Мутахассисон мехоҳанд, маълум кунанд, ки ин бомби худсохти навъи нав аст ва ё фақат миқдори зиёди маводи тарканда доштааст. Ҷорҷ Литтл, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико гуфт, мутахассисони амрикоӣ ва Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон таҳқиқ дар ин заминаро идома медиҳанд. Мошини зиреҳпӯши нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти Вардак ба бомби канори роҳ бархӯрд ва низомиён мегӯянд, бомбҳои оддие, ки Толибон мегузоранд, қудрати ба ин ҳад хароб кардану куштани теъдоди зиёдро надоранд.
XS
SM
MD
LG