Пайвандҳои дастрасӣ

Пиллай: "Фасод дарди асосии Қирғизистон аст"


Навӣ Пиллаӣ, масъули ҳуқуқи инсони Созмони Милал дирӯз дар шаҳри Бишкек гуфт, фасод як мушкили аслиест, ки гиребони Қирғизистонро гирифтааст. Навӣ Пиллай аз мақомоти қирғиз хост, барои мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ саъйу кӯшиш кунанд. Ӯ афзуд, табъиз дар заминаи миллӣ, мазҳабӣ ва ҷинсӣ як мушкили дигари бузурги ҷомеаи Қирғизистон боқӣ мемонад: “Чун Қирғизистон дар марҳилаи гузариш барои расидан ба сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии иқтисодист, фавқуллода муҳим аст, адолат, посухгӯӣ ва ҳуқуқи инсон дастури асосии кор бошад. “ Навӣ Пиллаӣ гуфт, беадолатӣ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон аён аст, ки 50 дар сади аҳолиаш ӯзбакҳо ҳастанд, аммо як додраси ӯзбак ҳам дар онҷо кор намекунад.
XS
SM
MD
LG