Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рухсатии худро дар куҷо мегузаронед?


Тобистон сипарӣ мешавад ва бархе рухсатии худро паси сар карданд ва иддае ҳам то кунун дар андешаанд, ки онро дар куҷо бигузаронанд.

Маъмулан дар чунин мавсим аксарият талош мекунанд ба рухсатӣ бираванд ва аз офтоби сӯзони шаҳр ҷое панаҳ бубаранд.

Аммо оё сокинони кишвар барои тобистони имсол чӣ нақша доранд? Қарор аст дар куҷо истироҳати худро пушти сар кунанд ва оё аслан мардум истироҳат хоҳанд кард ё на?

Бо пурсиши «Рухсатии худро дар куҷо мегузаронед», навобардори "Озодӣ" ба кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон баромад ва ҷӯёи ин посух шуд.

Бисёре аз пурсидашудагон мегӯянд, истироҳати худро дар хонавода ва дар ҳалқаи пайвандон мегузаронанд. Бархе ҳам рӯ ба деҳот меоранд ва бо белу каланд "дасту панҷа нам мекунанд".

Дигаре аз пурсидашудагон мегӯяд, ки сипари кардани рухсатии меҳнатӣ дар фароғатгоҳҳои кишвар бинобар нархҳои осмонӣ барои ашхосе чун ӯ номумкин гардидааст.

Дар маҷмӯъ, мардум ба ин назаранд, ки сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки рухсатиашонро дар истироҳатгоҳҳои берун аз кишвар сипарӣ намоянд.

Аммо худи Шумо хонандагони азиз, истироҳати худро дар куҷо мегузаронед? Дар фароғатгоҳҳои дохили кишвар ё дар дар хориҷ ва ё ҳам ҷои дигар?

Рухсатии худро дар куҷо мегузаронед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00
XS
SM
MD
LG