Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъхир дар интиқоли зиндониёни афғон аз Душанбе ба Кобул


Сафорати Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, ки масъалаи раҳоии 87 нафар зиндониёни афғон дар Тоҷикистон ҳамчунон норӯшан боқӣ мондааст.

Шабнами Садрӣ, корманди сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз ду моҳ аст, ки ҳамчунон музокирот дар мавриди озодии маҳбусини афғон идома дорад, вале ҳоло ҳам дақиқ нашудааст, ки онҳо кай ба Афғонистон баргардонида мешаванд.

Хонум Садрӣ меафзояд, ки ҷониби Тоҷикистон пешинҳод дорад, ки имкони ба якборагӣ имкони озод кардани маҳбусони афғон вуҷуд надорад ва бояд онҳо бо теъдоди камтар ва дар марҳилаҳои мухталиф раҳо карда шаванд.

Рӯзи 31-уми моҳи майи соли ҷорӣ Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" гуфта буд, ки масъалаи интиқоли зиндониёни афғон мавриди баррасӣ қарор дорад ва бояд дар рӯзҳои наздик ҳалли худро пайдо намояд. Вай гуфта буд, ки як ҳайате аз Вазорати умури дохилаи Афғонистон дар Душанбе аст ва бояд маҳбусонро бо худ бибаранд.

Вале тақрибан ду моҳ аз ин тасмим мегузаранд ҳанӯзам маҳбусони афғон раҳо карда нашудаанд.

Шабнами Садрӣ, корманди сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки музокироти дуҷониба дар мавриди ба Афғонистон интиқол додани маҳбусҳо ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки ҷониби Душанбе мехоҳад, ки панҷ нафар зиндониёнеи тоҷик, ки бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ кардаанду дар зиндонҳои Афғонитон ба сар мебаранд, ба Тоҷикистон таслим карда шаванд. Вале мақомоти Афғонистон бо сабабҳои номаълум ин масъаларо ба таъхир андохтаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир гуфтушунидҳо дар мавриди интиқоли панҷ маҳбуси тоҷик миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва мақомоти вазорати умури дохилаи Афғонистон идома дорад.
XS
SM
MD
LG