Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавошиносон: "Гармои шадид то нимаи дувуми август идома меёбад"


Ҳарорати ҳаво дар қабати болоии замин дар Тоҷикистон аз 50 дараҷа гузаштааст.

Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази ҳавошиносии кишвар рӯзи сешанбе ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҳароратсанҷҳое, ки дар қабати аввали замин гузошта шудаанд нишон медиҳанд, ки гармии ҳаво аз 50 дараҷа гузоштааст.

Ва дар манотиқи саҳроии кишвар, ки ба домани кӯҳҳо наздик нестанд, дараҷаи ҳаво ҳатто ба 55 дараҷа расидааст. Ба қавли хонум Байдуллоева, чунин вазъ то нимаи дувуми моҳи август идома хоҳад кард.

Аммо Ҷамила Байдулоева мегӯяд, ҳароратсанҷҳое, ки дар қутиҳои махсус фазои соягиро месанҷанд, мизони гармиро то 38 ва 39 дараҷа нишон медиҳанд. Ба гуфтаи хонум Байдуллоева, дар шаҳру навоҳие, ки ба доманаи кӯҳҳо наздик ҳастанд, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе дараҷаи гармӣ ба 38 дараҷа баробар мебошад. Дар вилояти Суғд 39 дараҷа ва дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво ба 41 дараҷа баробар шудааст.

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки дар чунин шароит Вазорати тандурустӣ ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо ин марказ ҳамкориҳои бештаре дошта бошанд.

Намояндаи маркази обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки ин вазоратҳо бо такя ба гузоришҳои Маркази ҳавошиносӣ масъалаи танзими мӯҳлати таътили рӯзона ва шароити беҳтар барои сокинонро баррасӣ кунанд ва ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
XS
SM
MD
LG