Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аннон: Эрон метавонад дар Сурия нақши мусбат бозад


Кофӣ Аннон дар Теҳрон

Кофӣ Аннон дар Теҳрон

Фиристодаи байналмилалӣ Кофӣ Аннон мегӯяд, Эрон метавонад дар ҳалли бӯҳрони Сурия нақши “мусбат” бозад. Рӯзи сешанбе баъди мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Эрон дар шаҳри Теҳрон Аннон гуфт, ҷумҳурии исломӣ дар ҳалли осоиштаи бӯҳрони Сурия кумаки худро пешниҳод кардааст. Аннон тафсилоти бештар надод. Рӯзи душанбе дар Димашқ Аннон бо президенти Сурия Башор ал-Асад дидору гуфтугӯ дошт. Эрон ва Русия муттафиқони асосии режими Асад ба шумор мераванд. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо, ки бо ҷумҳурии исломӣ рӯи барномаи ҳастаии Теҳрон баҳс доранд, намехоҳанд Эрон дар ҳалли бӯҳрони шонздаҳмоҳаи Сурия нақш дошта бошад.
XS
SM
MD
LG