Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазорати вазъиятҳои изтирории Русия мегӯяд, то ҳанӯз беш аз 17 ҳазор сокини минтақаи офатзадаи Краснодари ин кишвар аз истифодаи барқ маҳрум ҳастанд. Ҳамчунон рӯзи сешанбе мақомоти Русия изҳор намуданд, ки дар ин минтақаи соҳили Баҳри Сиёҳ то ҳол 28 ҳазор нафар аз истифодаи гази табиӣ ва наздик ба 2 ҳазор нафар аз оби ошомиданӣ маҳрум мебошанд. Обхезии даҳшатбори ҳафтуми июл ҳаёти беш аз 170 сокини минтақаи Краснодарро аз байн бурдаааст. Мақомот мегӯянд, ҷамъан ин фоҷеа ба 48 ҳазор нафар зиён овардааст. Мақомоти маҳаллӣ бар ин назаранд, ки хасорот аз обхезӣ ба тахминан 133 миллион доллар баробар хоҳад буд. Рӯзи сешанбе ҳизби Русияи Одил талаб кард, ки
Амалкарди мақомот дар ҷараёни обхезӣ мавриди тафтиш қарор гирад. Ҳукумати Русия эътироф кардааст, ки аснои аксуламали мақомот ба фоҷеа хато ҷой доштааст. Камаш ду мақоми маҳаллӣ аз курсиҳояшон маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG