Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парламенти Миср ҷаласа доир намуд


Бинои парламенти Миср дар Қоҳира
Бинои парламенти Миср дар Қоҳира
Сарфи назар аз ҳукми Додгоҳи Олӣ ва дастури низомиёни қудратманд, ки парокандашавии маҷлиси қонунгузори зери назорати исломиҳоро тақозо кардаанд, рӯзи сешанбе парламенти Миср як ҷаласаи кӯтоҳе доир намуд. Ин ҷаласаро телевизиони давлатии Миср мустақиман намоиш дод. Қонунгузорон дар бораи иҷрои ҳукми Додгоҳи Олӣ, ки парокандашавии парламентро тақозо кардааст, табодули назар карданд. Рӯзи душанбе Додгоҳи Олӣ изҳор намуд, ки ҳукм дар мавриди парокандашавии парламент пой бар ҷост. Як рӯз пеш аз он президенти исломгарои Миср Муҳаммад Мурсӣ дастур дода буд, ки вакилони мардумӣ ба кор баргарданд. Додгоҳи Олӣ ва Шӯрои Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср, ки аз замони барканории президенти ин кишвар Ҳуснӣ Муборак як сол инҷониб умури давлатдориро дар даст доранд, таъкид кардаанд, ки ҳукми лағви парламентро дастгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG