Пайвандҳои дастрасӣ

Ду зан барои қочоқи инсон 6 ва 5 сол гирифтанд


Додгоҳи Хуҷанд 10 – уми июл ду зани суғдиро ба қочоқи занҳои тоҷик ба Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб барои танфурӯшӣ гунаҳкор донист, ва ба 6 ва 5 соли ҳабс маҳкум кард. Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси муҳокимаи парванда гуфт, ки яке аз онҳо, зани 33 сола аз ноҳияи Зафаробод моҳи феврали соли равон вақти парвоз ба шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб дар майдони ҳавоии Душанбе боздошт шуда буд:
«Вай мехост 4 ҷавонзани тоҷикро барои танфурӯшӣ ба шаҳри Дубай барад, аммо онҳо шиносномаи хориҷӣ надоштанд ва сафари онҳо ба таъхир афтод. Ба танфурӯшон ваъда дод, ки онҳо дар АМА аз ватан зиёдтар пул кор мекунанд, онҳо розӣ шуданд. Қисмеро зани дуюмаз Чкалов розӣ кард.»
Зимнан, чор ҷавонзане, ки ба ҳайси ҷабрдида ба толори додгоҳ ҳозир шуда буданд, барои танфурӯшӣ ба Дубай бо раҳнамоии занҳои айбдршаванда рафтани худро пинҳон надоштанд. Ба гуфтаи онҳо сахтии рӯзгор дар ватан, бекориву нодорӣ ва талоши дарёфти маблағ онҳро ба ин кор маҷбур кардааст.
XS
SM
MD
LG