Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри русии Wikipedia муваққатан дастнорас аст


Нашри русии Wikipedia бо эътироз ба тағйиру иловаҳои қонуни иттилооти Русия
Нашри русии Wikipedia бо эътироз ба тағйиру иловаҳои қонуни иттилооти Русия
Ба нишони эътироз аз қабули тағйиру илова ба қонуни иттилооти Русия нашри русии энтсиклопедия ё худ доират-ул-маорифи интернетии Wikipedia муваққатан дастнорас шудааст.
Рӯзи сешанбе рӯи ин сомона як хатти сиёҳ пайдо шуда дар канори он навишта шудааст, ки “ Оё метавон ҷаҳонро бидуни дастрасӣ ба дониши озод тасаввур кард?” Сомона менависад, ки рӯзи сешанбе Думаи Давлатии Русия ба арзёбии тағйиру иловаҳо ба қонуни иттилооти ин кишвар идома медиҳад.
Ба ақидаи Wikipedia агар ин пешниҳодҳо тасдиқ шаванд, имкон дорад, ки дар интернети русзабон як сензураи берун аз чорчӯби додгоҳ зуҳур хоҳад кард. Муаллифони тағйиру иловаҳо мегӯянд, ҳадафи онҳо ба вижа мубориза бо фаҳшои кӯдакона дар интернет аст.
Аммо Wikipedia ҳушдор медиҳад, ки ин як кӯшиши бунёди девори нави Чин мебошад. Бар пояи қонуни асосии Русия фақат баъди имзои президент Владимир Путин ин лоиҳа ба ҳукми иҷро медарояд.
XS
SM
MD
LG