Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ сарвазири Исроилро бо фасод айбдор карданд


Эҳуд Олмерт
Эҳуд Олмерт
Собиқ сарвазири Исроил Эҳуд Олмертро бо фасод айбдор карданд. Додгоҳи Собиқ сарвазири Исроил Эҳуд Олмертро бо фасод айбдор карданд. Додгоҳи Байтулмуқаддас ду иттиҳоми дигари Олмертро лағв намудааст. Ҳукми Олмертро додгоҳи Байтулмуқаддас рӯзи сешанбе эълон кард. Бо ин айбнома Олмерт имкон дорад то панҷ сол аз озодӣ маҳрум шавад.
Ба ақидаи додгоҳ қабл аз ишғоли курсии сарвазири Исроил дар соли 2006-ум Олмерт дар давраи раҳбарии шаҳрдории Байтулмуқаддас ва ишғоли курсии вазири саноат ва тиҷорат ба фасод роҳ додааст. Дар ҷараёни муҳокима Олмерт борҳо таъкид кард, ки ҳеҷ гуноҳе надорад. Дар ҳамин ҳол тафтиши иттиҳоми дигари Олмерт, ки бо ришваситонӣ дар иртибот бо пуштибонӣ аз лоиҳаи сохтмони хонаҳои дар Байтулмуқаддас аст, идома дорад. Олмерт соли 2008-ум аз мақоми сарвазири Исроил сабукдӯш шудааст.
Соли гузашта додгоҳи Исроил собиқ президенти ин кишвар Моше Катсавро бо таҷовуз ба номус ва дигар ҷиноятҳои ҷинсӣ айбдор дониста ба муддати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG