Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Британия се кас бо терроризм муттаҳам шуданд


Амалиёти полиси Британия

Амалиёти полиси Британия

Полиси Британия мегӯяд, се нафарро бо терроризм муттаҳам кардааст. Полиси Мидланди ғарбӣ иброз доштааст, ки афроди боздоштшуда бо тарҳрезии амали террористӣ айбдор дониста мешаванд. Полис дар дохили мошини афроди боздоштшуда силоҳ пайдо карда Ҷевел Уддини 26-сола, Умар Муҳаммад Хони 27-сола ва Муҳаммад Ҳасини 23-соларо, ки ҳар се сокини шаҳри Бирмингем мебошанд, боздошт намуд. Онҳо бояд рӯзи сешанбе ба додгоҳи Лондон даъват шаванд. Умуман, дар тӯли ҳафтаи гузашта 14 нафар бо иттиҳоми терроризм ба ҳабс гирифта шудаанд. Полис хотирнишон кардааст, ки ягон парванда бо тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар давраи бозиҳои олимпии Лондон иртибот надорад.
XS
SM
MD
LG