Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФФТ беҳтаринҳои моҳи июнро эълон кард


Федератсияи футболи Тоҷикистон бар асоси назарпурсӣ беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳи июнро муайян кард.

Рустам Ризоев, дарвозабони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб беҳтарин бозигар, Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ ва Диловаршоҳ Орзуев, аз ноҳияи Ҳисор, беҳтарин довар эътироф шуданд.

Беҳтаринҳои моҳи июн бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз мешаванд.
XS
SM
MD
LG