Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи байнулмилалии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон


Дар минтақаи Замин-Қарори наздикии деҳаи Марғеби ноҳияи Айнии Тоҷикистон мусобиқаи байнулмилалии кӯҳнавардӣ ҷараён дорад.

Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 14 даста - 12 даста аз Русия, инчунин, якдастаӣ аз Украина ва Тоҷикистон ширкат доранд. Ба ҳайати ҳар як даста дунафарӣ шомиланд. Тоҷикистонро кӯҳнавардон Темур Ҷӯрабоев ва Анатолий Шарифов намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқаи мазкур аз ду давра иборат аст. Дар давраи аввали шӯхпаймоӣ кӯҳнавардон ба баландии 100-150 метр мебароянд. Давраи дувум – марафон, ки масофаи тӯлониро дар бар мегирад, хеле мураккаб аст. Ғолибони мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи натоиҷи имтиёзҳое, ки кӯҳнавардон дар ҳарду давра ба даст меоранд, муайян карда мешаванд.

Виталий Шокирҷонов, раиси Федератсиюни кӯҳнавардӣ ва шӯхпаймоии Тоҷикистон, мегӯяд, “варзишгарони тоҷик порсол дар ин мусобиқа иштирок накарданд, зеро дараҷаи касбиашон ба талабот ҷавобгӯ набуд. Ва аммо ин дафъа кӯҳнавардони мо як моҳ пеш аз мусобиқаи мазкур дар кӯҳҳо омодагӣ диданд. Албатта, ба варзишгарони пуртаҷрибаи Русияву Украина рақобат кардан мушкил аст, вале мекӯшем, ки натиҷаҳои хуб нишон диҳем.”

Мусобиқаи байнулмилалии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон то рӯзи 22-юми июл идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG