Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтааст, дар 6 моҳи гузашта 18 000 нафар аз сокинони кишвар ба сафҳои ин ҳизб пайвастаанд.

Агар ин омор дуруст бошад, чунин бармеояд, ки ҳар моҳ се ҳазор нафар ба ҳизби ҳоким шомил шудаанд.

Насимҷон Расулов, раиси Бахши ташкилии ҳизби мазкур феҳрасти аъзои ҳизбро нишон дода мегӯяд, ки агар ба аризаҳое, ки феълан аз тарафи сокинон ба бахшҳои ноҳиявию шаҳрии ҳизб омадаанд, назар шавад, шояд ин рақам аз 18 000 нафар ҳам бештар бошад.

Пас оё чӣ чизе муҷиби чунин ҷалби таваҷӯҳ ба Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон шудааст? Ҷаноби Расулов мегӯяд: «Аслан ободии ҳизби мо ва пешрафти он ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон сахт пайвастанӣ дорад ва ин мардуме, ки мехоҳанд ба ҳизби мо шомил шаванд ва дар ин муддат, ки аъзо шудаанд, ба нуфузи ҳизби мо вобастагӣ дорад».

Ҷалби ҳазорон нафар ба узвият дар ҳизби ҳоким дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ба ақидаи коршиносон, аслан сокинони кишвар ба сиёсат майлу рағбати зиёд нишон намедиҳанд, бори сангини зиндагӣ ва гирифториҳои рӯзгор онҳоро ба ҳамаи ҳизбҳо бепарво кардааст.

Аммо Шариф Ҳусейнзода як зиёии 49-сола, ки тақрибан се моҳ қабл шомили Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон шудааст, мегӯяд, ки бо шарофати президенти Тоҷикистон узви ин ҳизб шуд ва дафъатан дар Қароргоҳи марказии он ҳамчун корманди бахши таблиғот ба фаъолият пардохт.

«Ман кайҳо орзуи пайвастан ба ҳизби ҲХДТ доштам, медонед дар замони шӯравӣ мехостам ба ҳизби комуннист шомил шавам, лекин дар он ҳизб аслан коргарони оддӣ, чӯпонон, говҷӯшҳо, коргаронро ба сафи худ мегирифтанд. Ман натавонистам ба он ҳизб пайвандам. Ҳоло фикр мекунам, ки орзуҳои ман ҷомаи амал пӯшида бошанд.»

Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик.

Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик.

Баъзе аз ҳамсӯҳбатони дигар мегӯянд, ки дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд ва бидуни пурсиш аз онҳо, аъзои ин ҳизб шудаанд. Вале шомил шудан ба ҳизбе, ки масъулияти вазъи феълии кишварро дар дӯш дорад ва ҳадафи танқидҳои зиёд қарор мегирад, барои ҳама осон даст намедиҳад. Пас масъулони ҲХДТ барои ҷалби аъзои нав аз кадом шеваҳо истифода мекунанд?

​Ба ақидаи коршиносон, ҳамаи корҳое, ки раисиҷумҳури кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон ба иҷро мерасонад, ба Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон рабт дода мешаванд. Иршод Сулаймонӣ, як коршиноси тоҷик мегӯяд, ки системаи кори Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон тақрибан шабеҳи ҳизби коммунистии замони шӯравист. Ҳоло шурӯъ аз вазирон то кормандони одии ҳатто ҷамоатҳои деҳот, аъзои ҳизби ХХДТ ҳастанд, ки бо сӯистифода аз фурсат дар ҳар куҷо ҳизби халқиро ташвиқ мекунанд.

Вай меафзояд, ки худи ҳизби ХД барномаи ҷиддиеро ҳанӯз рӯи даст нагирифтааст:
«Аслан Ҳизби халқ-деморатиро ба барои расидан ба курсиҳо интихоб мекунанд. Ва ин ҳам як шеваи таблиғи ҳизб шгудааст. Вагарна бо таваҷҷӯҳ ба платформаи ҳизб, ҳанӯз ҲХДТ ҳамчун ҳизб як барномаи ҷиддеро барои беҳбуд бахшидани вазъи кишвар рӯи даст нагирифтааст. Ва аз номи ҳукумату президент сӯҳбат мекунад».

Бо ин ҳол коршиносон ва намояндаҳои аҳзоби сиёсии кишвар эътироф мекунанд, ки афзоиши мизони аъзои ҲХДТ аз ҳар ҳизби дигари сиёсии кишвар бештар аст. Намояндагони ин ҳизб мегӯянд, ҳоло таблиғу ташвиқи ҳизбро дар миёни муҳоҷирон дар Русия афзоиш додаанд ва аксари аъзои нави ҳизб аз ҳисоби муҳоҷирон аст.

Аммо Фаррух Мирзоев, сардори диаспори тоҷикон дар шаҳри Свердловск мегӯяд, ки дар минтақаи ӯ ин чиз ҳақиқат надорад, онҳо ҳанӯз намояндаи ҳизби ҳокимро дар онҷо надидаанд ва баръакс бештар тарафдори Ҳизби наҳзати исломӣ ҳастанд: «Намояндагони диаспораҳое, ки мехоҳанд шомили ҳизби ҲХДТ шаванд бо ин роҳ мехоҳанд дар ҳукумат вазифа гиранд ва ҳамкориҳои иқтисодии худро ба роҳ монанд. Лекин дар ин ҷо аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ зиёд ҳастанд.»

Ҷумъа Мансуров, як муҳоҷир аз Уфа гуфт, ҳанӮз аъзои ҳизби ҲХДТ нашудааст, Ҷалолиддин Маҳмудов мегӯяд, ҳизби ҳоким бо имкониятҳое, ки дорад метавонист тарафдорони бештаре пайдо намояд.

Ҷалолиддин Маҳмудов мегӯяд, ҳизби ҳоким бо имкониятҳое, ки дорад метавонист тарафдорони бештаре пайдо намояд.

зеро дар бораи ин ҳизб танҳо пас аз сафари як ҳайати он ба Уфа ошноӣ пайдо карда ва баъд аз ин мулоқот қасди пайвастан ба ҲХДТ-ро кардааст. Зеро чуноне ки худи ӯ гуфт, мақсадаш ободии Тоҷикистон аст.

Ва аммо ба ин тартиб, на ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар аз афзоши тарафдорон ва аъзои худ сӯҳбат мекунанд. Ҳизбҳое амсоли ҲНИТ, ҲУСДТ ва ҲКТ дар бораи бештар шудани тарафдоронашон дар матбуот гузориш пахш мекунанд, вале ҳизбҳои дигар ба мисли ҲДТ, ҲАТ ва ҲИИ дар мавриди ҷалби бештар ба суфуфи худ хомӯш ҳастанд.

Дар ҳоле, ки мардуми оддӣ ба афзоиши босуръати суфуфи ҳизби ҳоким бо шубҳа менигаранд, намояндагони аҳзоби сиёсии дигар ба мисли Ҳизби наҳзати исломӣ ва сотсиал демкоратӣ мегӯянд, имкониятҳоие, ки имрӯз барои ҳизби ҳоким фароҳам аст, воқеан ба он имкон медиҳад, ҳазорон нафарро ба сафҳои худ ҷалб кунад.

Ҷалолиддин Маҳмудов, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин аст, ки ҳизби ҳоким метавонист аз 18 ҳазор нафар бештар барои худ тарафдор пайдо кунад, зеро ба назари ӯ, ин ҳизб дар ивази узвият метавонад курсӣ ваъда кунад, парчаҳои замин ва дигар шароити беҳтар пешниҳод намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG