Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози бузург алайҳи НАТО дар Покистон


Дар Покистон гурӯҳҳои исломӣ алайҳи қарори ҳукумат, ки роҳҳои ин кишварро барои нерӯҳои НАТО боз кард, эътироз карданд.

Давлати Покистон моҳи ноябри соли гузашта баъди онки дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО 24 сарбозаш кушта шуд, роҳҳои транзитии таъминоти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро баст.

Ин роҳҳоро танҳо ҳафтаи гузашта ва баъд аз он боз карданд, ки Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, барои он ҳамлаи НАТО аз Покистон узр хост.

Ҳудуди 15 ҳазор тазоҳургар дар назди бинои порлумони Покистон ҷамъ омада ва шиорҳои зидди амрикоӣ сар доданд. Раҳпаймоии тӯлониро, ки аз шаҳри шарқии Лоҳур шурӯъ шуд, Шӯрои Дифоъи Покистон, як эътилофи созмонҳои мазҳабие баргузор кард, ки мехоҳанд, Покистон муносиботаш бо Амрико ва Ҳиндро қатъ кунад.

Мавлоно Самиулҳақ, раиси ин шӯро ба тазоҳургарон гуфт: “Мубориза барои озодӣ ингуна осон нест ва бо як тазоҳуроту як раҳпаймоии тӯлонӣ ба даст намеояд. Мардуми Афғонистон 35 сол аст меҷанганд. Онҳо даҳҳо ҳазор ҷонро қурбон кардаанд. Мо бояд аз онҳо биёмӯзем. “

Ҳофиз Саид, яке аз пешвоёни асосии Шӯрои Дифоъи Покистон аст, ки ӯро давлати Ҳинд тарҳрези ҳамлаҳои хунин ба шаҳри Бомбай ва порлумони он кишвар медонад, агарчӣ худаш ин иддаоро рад мекунад. Ҳофиз Саид дар тазоҳурот гуфт:

“Бори нахуст аст, ки як иттиҳоди аҳзоби гуногун ташкил шудааст, то кишварро аз ғуломии Амрико наҷот диҳад ва ин иттиҳод як ҳаракати бузургро ба вуҷуд меорад. Оллоҳ ин ҳаракатро комёб гардонанд. Дар ин марҳила мо наметавонем ба таъминоти нерӯҳои НАТО ва ирсоли аслиҳа ба нерӯҳои НАТО ва Амрикоро иҷоза диҳем, ки мусулмонҳоро қатли ом мекунанд. Мо набояд дигар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро таҳаммул кунем. Дар воқеъ вуҷуди Амрико ва ҳампаймонҳояш дар ин минтақаро дигар набояд таҳҳамул кард. “

Мавлоно Самиюлҳақ ба тазоҳургарон гуфт, ки шӯро охири ҳафта ду раҳпаймоии тӯлонӣ баргузор мекунад, ки рӯзи 14 июл шурӯъ мешавад ва тазоҳургарон аз шаҳрҳои Кветта ва Пешовар ба сӯи марзи Афғонистон ҳаракат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG