Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бразилия зиндониёни китобхонро зудтар озод мекунад


Дар Бразилия ба зиндониён як роҳи осону зудтари халосӣ аз маҳбасро пешниҳод кардаанд, ки он ҳам китобхонист. Дар ивази хондани ҳар китоб зиндонӣ метавонад, аз ҳукми зиндонаш чаҳор рӯз камтар кунад. Ин навоварӣ дар чаҳор зиндони бузурги Бразилия ба роҳ монда шудааст, ки аз ҷумла расвотарин ҷинояткоронро дар онҳо нигаҳ медоранд. Аммо зиндониён метавонанд дар як сол танҳо 48 рӯзи ҳукми худро кам кунанд, зеро ҳақ доранд, танҳо 12 китоб масалан китоби бадеӣ, фалсафӣ ва ё илмиву классикӣ бихонанд. Агар китобҳои бештар ҳам бихонанд, бар фоидаи худашон аст, аммо дар як сол аз 48 рӯз бештар мӯҳлати зиндонашон кам нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG