Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Низомии Миср ба Мурсӣ ҳушдор дод


Шӯрои Олии Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср, рӯзи душанбе дар як баёнияе ба раиси ҷумҳур ҳушдор додааст, ки ба Қонуни Асосӣ эҳтиром бигузорад. Пештар аз ин Додгоҳи Олии Миср ҳам амри худ дар бораи пароканда кардани порлумони Мисрро бетағйир гузошт. Баёнияву қарори мазкур баъд аз он содир шуд, ки рӯзи якшанбе Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср, фармон дод, то порлумон кори худро аз сар бигирад. Ӯ гуфт, ин порлумон бояд то замони баргузории интихоботи нав ба кори худ идома бидиҳад. Додгоҳи Олии Миср моҳи гузашта амр дод, то порлумони таҳти контроли исломгароён пароканда карда шавад, зеро ба гуфтаи додгоҳ, сеяки аъзои он ғайриқонунӣ интихоб шудаанд. Шӯрои низомӣ, ки салоҳиятҳои иҷроияи ҳукуматро дорад, порлумонро пароканда кард. Дар вокуниш ба ин таҳавуллот, Томӣ Вейтор, сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико аз мардуми Миср хост, “ба усулҳои демократӣ” эҳтиром бигузоранд.
XS
SM
MD
LG