Пайвандҳои дастрасӣ

Қарори бесобиқаи Бонки Миллии Тоҷикистон


Бонки Миллии Тоҷикистон дар талоше барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ ва беҳтар кардани вазъи бонкҳои тиҷоратӣ, меъёри бозтамвилро ба ҳадди рекордии 6,8 дар сад поин овардааст. Дар баёнияи расмии Бонки Миллӣ омадааст, раёсати бонк бо назардошти коҳиши фишори тавварум ва омилҳои берунӣ ва ба хотири паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо, меъёри бозтамвилро аз 8 дар сади қаблӣ то 1,2 дар фоиз поин овард. Коҳиши меъёри бозтамвил ба бонкҳои тиҷоратӣ имкон медиҳад, захираҳои молии худро бештар карда ва ба талабгорон бо фоизҳои поинтар қарз бидиҳанд. Бонки Миллии Тоҷикистон се моҳ пештар низ меъёри бозтамвилро як дар сад кам карда ва то аз 9 то 8 дар сад поин оварда буд.
XS
SM
MD
LG