Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии бӯҳрони бонкҳои Испания дар Брюссел


Имрӯз дар шаҳри Брюссел вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо баррасии бӯҳрони бонкҳои Испанияро идома медиҳанд, ки қарзгирӣ барои ҳукумати он кишвар мушкилтар мешавад. Рӯзи душанбе баҳраи хариди коғазҳои гаронбаҳои ҳукумати Испания ба 7 дар сад расид, ки ҳамингуна вазъ Юнону Ирландия ва Португалияро маҷбур кард, барои кӯмак ба ниҳодҳои байналмилалӣ молӣ муроҷиат кунанд. Ҳукуматҳо дар ивази хариди варақаҳои гаронбаҳояшон ба сармоядорон баҳра медиҳанд, вале дар сурати ба 7 дар сад расидани баҳра ҳукуматҳо дар пардохти он дар дарозмуддат оҷиз хоҳанд монд. Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро имрӯз шароити ба Испания додани 123 миллиард долларро баррасӣ мекунанд, вале маълум нест, ин кишвар ба чӣ қадар қарз ниёз дорад. Испания чаҳорумин иқтисоди бузург дар миёни 17 кишвари ҳавзаи евро аст.
XS
SM
MD
LG