Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофӣ Анон бо раҳбарони Эрон мулоқот мекунад


Кофӣ Анон фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб, имрӯз дар Теҳрон бо мақомоти баландпояи Эрон доир ба низоъ дар Сурия гуфтӯгу хоҳад кард. Кофӣ Анон рӯзи душанбе дар Димишқ буд ва бо Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия мулоқот дошт. Агарчӣ ҷузъиёти мулоқоташ бо Башшор Асадро ошкор накард, аммо ба хабарнигорон гуфт, қасд дорад, “расидагӣ” ба масъалаи мухолифини мусаллаҳро, ки алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд, баррасӣ кунад. Интизор меравад, Кофӣ Анон имрӯз бо Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дидору гуфтӯгу кунад. Эрону Русия ду муттаҳиди аслии ҳукумати Сурия ҳастанд ва даъватҳои қудратҳои ғарбӣ барои истеъфои Башшор Асад ва гузариши қудрат ба дасти ҳукумати муваққатро рад кардаанд. Вале айни замон як мақоми расмии Русия гуфтааст, кишвараш то замони ба эътидол омадани вазъ дар Сурия фурӯши силоҳ ба онро бозмедорад.
XS
SM
MD
LG