Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуго Чавез мегӯяд, аз саратон халос шудааст


Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури оташнафаси Венесуэла, рӯзи душанбе гуфт, аз бемории саратон комилан халос шудааст. Ҳуго Чавез, ки мехоҳад 6 соли дигар раиси ҷумҳур бимонад, дар остонаи интихобот сухан гуфт, ки қарор аст се моҳ баъд баргузор шавад. Тайи 13 моҳи гузашта ду маротиба роҳҳои пешобгузари раиси ҷумҳури Венесуелро ҷарроҳӣ карданд ва охирин ҷаророҳии ӯ моҳи феврал сурат гирифт. Аммо Ҳуго Чавез то кунун нагуфтааст, ки аз кадом навъи саратон ранҷ мекашид ва зимни муолиаҷааш дар назди мардум камтар зоҳир мешуд ва танҳо аз тариқи телевизиону радио ба онҳо муроҷиат мекард. Ҳуго Чавез дар нишасти хабарие дар шаҳри Каракас гуфт, ки "комилан аз саратон халос шудааст" ва ба зудӣ тарғиботи интихоботиашро шурӯъ мекунад.
XS
SM
MD
LG