Пайвандҳои дастрасӣ

Аннон баъд аз мулоқотҳои Сурия ба Эрон меравад


Кофӣ Аннон ва Башор Асад ҳангоми мулоқот

Кофӣ Аннон ва Башор Асад ҳангоми мулоқот

Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия дар Димишқ бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ба тавофуқ расиданд, ки чӣ тарз ба нооромиҳо дар Сурия хотима дода шавад.

Аннон баъд аз мулоқот бо Башор Асад дар Димишқ дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот тавзеҳот надод, вале гуфт, ки вай мехоҳад бо мухолифони мусаллаҳ низ мулоқот анҷом диҳад. Мухолифон мехоҳанд аз роҳи муборизаи мусаллаҳона ба фаъолияти режими Башор Асад хотима диҳанд.

Бино ба гузоришҳо, интизор меравад, ки Кофӣ Аннон ба Теҳрон-пойтахти Эрон низ сафар кунад ва дар бораи Сурия бо раҳбарони Эрон низ мулоқот анҷом диҳад.

Рӯзи душанбе Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Маскав ҳайати мухолифони давлати Сурияро ба ҳузур пазируфт. Лавров мегӯяд, Русия ягона кишварест, ки бо ҳар ду ҷониби Сурия роҷеъ ба оташбаси фаврӣ ва оғози музокироти ҷонибҳо гуфтугӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG