Пайвандҳои дастрасӣ

Сипсогузорем, аз хонандаи торнамои мо ба номи Фарид, ки дар силсилаи наворҳои видеоӣ Гурдофаридро ба мо шинос мекунад.

Ин духтараки муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия умр ба сар мебарад, то ҳол Точикистони азизро дидагӣ нест! Э кош, ҳамаи фарзандони муҳоҷирони тоҷик мисли Гурдофарид донову зирак мебуданд!


Гурдофарид Шоҳномахониро бисёр дӯст медорад! Вақти холиашро бо мутолиаи "Шоҳнома" ва забону адабиёти порсии Тоҷикистонӣ мегузаронад!


Гурдофарид дар мактаб аълочии забони англисӣ мебошад. Ӯ мегӯяд ки, ҳамсинфиҳояш фикр мекарданд, ки забони сӯҳбат дар Точикистотн англисӣ аст. Аз барои он ки, ӯ аз дигар ҳамсинфҳояш англисиро хубтар медонад, онҳо ба ӯ мегуфтанд, шумо дар хона ба забони англисӣ ҳарф мезанед!


Гурдофарид бисёре аз бузургони илму адаби тоҷику форсро мешиносад ва бо осори онон ошноӣ дорад ва дар мавриди замину офтобу моҳ чунин мегӯяд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG