Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Русия дар мавриди селоб иштибоҳашро эътироф кард


Шаҳри Кримск

Шаҳри Кримск

Ҳукумати Русия эътироф кард, ки барои ҷилавгирӣ аз пайомади селобҳо дар минтақаи Краснодар ба иштибоҳ роҳ додаанд. Дар ин ҳодиса беш аз 170 нафар кушта шудаанд. Владимир Путин-раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш дар ин бора гуфт:

“Бино ба маълумоти муқаддамотӣ селоб бар асари офати табиӣ ҷорӣ шудааст. Бо вуҷуди ин мо бояд комилан таҳлил кунем, ки кадом хадамоти ҳушдордиҳанда ва кадом корҳои гидротехникӣ анҷом гирифтааст ва ё анҷом нагирифтааст ва кадомашро бояд такмил кунем. Ин корҳо на танҳо дар маҳали офат, балки дар ҷойҳои дигар низ бояд иҷро шавад, ҷойҳое, ки имкони чунин ҳодисаҳо вуҷуд дорад”.

Владимир Пучков-вазири ҳолатҳои фавқулода гуфт, бонги хатар “зада шуда” буд, вале он ба ҳамаи аҳолӣ нарасидааст. Дар Русия рӯзи душанбе ба таври расмӣ рӯзи мотам эълон шудааст.

Боронҳои шадид рӯзи шанбе тақрибан 5000 хонаро, аксаран дар шаҳри Кримск, хароб кардааст.
XS
SM
MD
LG