Пайвандҳои дастрасӣ

Презинденти собиқ аз муҳоҷират ба ватан баргашт


Аёз Муталибов

Аёз Муталибов

Баъд аз тақрибан 20 соли муҳоҷират Аёз Муталибов-аввалин раиси ҷумҳури Озарбойҷони мустақил аз Русия ба Озарбойҷон баргашт.

Муталибов барои саркӯб кардани тазоҳуроти эътирозии моҳи январи соли 1990, ки бо номи “Январи Сиёҳ” машҳур аст, муттаҳам дониста мешуд. Дар ҷараёни саркӯбӣ даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Муталибов раҳбари Ҳизби куммунисти ҷумҳурии Шӯравии Озарбойҷон буд. Баъл аз расидан ба истиқлол вай раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Баъд аз он, ки Муталибови 74 сола дар бораи машғул нашудан бо корҳои сиёсӣ изҳорот дод, дар Озарбойҷон роҷеъ ба нахустин раиси ҷумҳур қонуне ба тасвиб расонданд ва роҳ барои бозгашти вай ба ватан ҳамвор шуд.
XS
SM
MD
LG